Дар ҷунуни фикри сарв сомон надорад ҳеҷ кас

Муддао чун дида ҳайрон надорад ҳеҷ кас

Дар диёри мо ки рӯзии аздл худ ме хуранд

Орзӯии неъмат алвон надорад ҳеҷ кас

Зери чархи нилгун , чун писта , он ҳам зери пӯст

Бо дили пурхӯни лаб хандон надорад ҳеҷ кас

Дар диёри мо ки ҷон аз баҳр мурдан ме диҳанд

Орзӯии умр ҷовидон надорад ҳеҷ кас

Олимӣ рафтааст аз хонасозӣ по ба гул

Фикри худсозии дарин даврон надорад ҳеҷ кас

намешавад авқоти мардуми сарф дар таъмири тан

Фикри озодии азин зиндон надорад ҳеҷ кас

Бар надорад тавқи миннати гардани озодагон

Шукруллоҳи даст дар эҳсон надорад ҳеҷ кас

Миваҳои сардсери ақл , соиб норас аст

Синаи гарму дил сӯзон надорад ҳеҷ кас