Зоҳири мардон ба зевар гар набошад гӯ мабош
Ҳалқаи берун даргар зар набошад гӯ мабош
Рахнаҳои дом , фатҳи албоби сайд баста аст
Синаи моро руфӯгар гар набошад гӯ мабош
Ҳалқаи занҷир агар аз ҳам бирезад гӯ бирез
Кори дунёро Низомӣ гар набошад гӯ мабош
Бе забонии ояи раҳмат буд дарашон ҷаҳл
Тифлро дар даст агар ханҷар набошад гӯ мабош
Дар ақиқ бениёзӣ ҳаст оби сад муҳӣт
Нам агар дар қулзум ахзар набошад гӯ мабош
Чун садаф дар пардаи дили ашк боридан хуш аст
Гар ба зоҳири чашми ошиқ тар набошад гӯ мабош
Аз тапидан ме тавон кӯтоҳ кард ин роҳ ро
Қӯти парвоз агар дар пар набошад гӯ мабош
Соя бедаст , оҳи сарди аҳли ҷурм ро
Соягар дар арса маҳшар набошад гӯ мабош
Хозини ганҷи гуҳарро халқи хуш дом балост
Дар бисоти баҳр агар анбар набошад гӯ мабош
Аз гудози ҷисм , хӯни хеш хӯрдан ғофилӣ аст
Дард агар дар бода аҳмар набошад гӯ мабош
Суда ёқӯт созад партав май мағз ро
Май кашонро тоҷи гавҳар гар набошад гӯ мабош
Тухм умедӣ надорам то кунам борони талаб
Об агар дар дида ахтар набошад гӯ мабош
Аз тамошо ба надорад ҳосилии дунёии хушк
Сӯрати девор агар дар бар набошад гӯ мабош
Хобгоҳи нарм , соиби санг роҳ раҳраваст
Бистару болини могар пар набошад гӯ мабош