Ҳаст чун дилбар ба ҷо , дил гар набошад гӯ мабош

Муддао Лайлӣаст маҳмил гар набошад гӯ мабош

Май шиносади зарраи хуршеди ҷаҳони афрӯз ро

Ҳақи шиносонро далоил гар набошад гӯ мабош

Муддао аз анҷумани парвонаро ҷуз шамъ нест

Шамъ чун бар ҷост маҳфил гар набошад гӯ мабош

Норасоӣ дар каманди ҷазба маъшӯқ нест

Гардани моро слосл гар набошад гӯ мабош

Нест ҷон беқароронро ба тани дили бастагӣ

Пеши пои мавҷ , соҳил гар набошад гӯ мабош

То ҳадаф ҷое намеастад хаданги гарми рӯ

Дар миёни роҳ , манзил гар набошад гӯ мабош

Киштии дарёӣ бесоҳил намедорад хатар

Аҳли дилро хонаи гул гар набошад гӯ мабош

Ташнаи баҳри фаноро мад эҳсонаст захм

Раҳм дар шамшери қотил гар набошад гӯ мабош

Мӯр аз дард талаб оварад болу пари бурун

Ҷониби мо ёри моил гар набошад гӯ мабош

намерасад эҳсон ба ҳаркаси қобил эҳсон шавад

Тангдастонро васоил гар набошад гӯ мабош

Дил чу шуд беишқ , ларзидан бар ӯ беҳосил аст

Дар бағали ин фарди ботил гар набошад гӯ мабош

Садҳазорони пардаи шарми ишқ сомон ме диҳад

Бар рухи дилдори ҳоил гар набошад гӯ мабош

Нест соиби олами имкон ба ҷузи мавҷи сароб

Дар назари ин нақши ботил гар набошад гӯ мабош