Шамъ бар хоки шаҳидон гар набошад гӯ мабош
Лола дар кӯҳи Бадахшон гар набошад гӯ мабош
Сабзаи теғи ту май бояд ки бошад тоза рӯй
Боғи моро шабнами ҷон гар набошад гӯ мабош
Фарши мо афтодагӣ , асбоби мо озодагӣ
Хонаи моро нигаҳбон гар набошад гӯ мабош
Иштиҳо чун сӯхт , дорад лиззати мурғи кабоб
Хон моро мурғи бирён гар набошад гӯ мабош
Шӯрбахтии вақт ҳоҷат мекунад кори намак
Суфраи моро намакдон гар набошад гӯ мабош
Мо ки чун дили гӯша Эй дорем аз гулзори қудс
Домани саҳрои имкон гар набошад гӯ мабош
Бе саранҷомии ғубори лашкар ҷамъият аст
Рӯзгори мо ба сомон гар набошад гӯ мабош
Мураккаби озодагони тахти равон бехудӣ аст
Тавсани гардун ба фармон гар набошад гӯ мабош
Зинати зоҳир чаҳ кор ояд дили афсурдаро ?
Нақш бар девори зиндон гар набошад гӯ мабош
Ин қадари дили бастагии соиб ба зулф ёр чист ?
Нусхаи хоби парешон гар набошад гӯ мабош