Нашуд зи силии хати чашми маст , ҳушёраш
Дигар ки мекунад аз хоби нози бедораш
Чигуна ошиқ азон рӯй чашм бардорад ?
Ки об , рӯ ба қафо меравад зи гулзораш
зи ҷон ва дил шавад аз ҷумлаи парасторон
Фитод дида ҳар кас ба чашми бемораш
Миёни нозук ӯ ҳамчун ба худ печад
Агар зи ришта ҷонҳо кунанд зуннораш
Фитодааст схнҳоши он қадри дилчасб
Ки мерасад ба дил аз гӯши пеш , гуфтораш
Ба чашм пок наёяд марои прирўиӣ
Ки шаста аз арақ шарм нест рухсораш
Ба сим қалб харидааст моҳи канъон ро
Диҳад ба қимат агар нақди ҷони харидораш
з рафтанаш нарӯм чун зи ҷои худ соиб
Ки сайли хору хас тоқатаст рафтораш