Чунин ки гум шуда дар зулфи пой то ба сараш

Ба печу тоб тавон ёфтан магари камараш

Ба даври чеҳра ӯ оташин изорӣ нест

Ки ҳамчуи лола гиреҳ нест оҳ дар ҷигараш

зи сояи мижа поиш шавад нигоролӯд

Агар ба дида равшандилон фитад гузариш

Бунафша ранг шавад ёсамини андомаш

Агар насими сабо танг оварад ба буриш

зи дил агар чаҳ тарозу шуд аз сбкдстӣ

Наёфт чошнии хӯни забони ништрш

Агар зананд рагаш бо хабар наме гардад

Касе ки гардиши чашм ту кард бихбрш

Чунин ки танг ба ошиқи гирифта , ҳайҳот аст

Ки мӯр хат накунад танги кор бар шукраш

зи нӯки он мижа имрӯз мечакад оташ

Магар ба обилаи дили расидаи ништрш ?

Маро ба шоми фироқии фитодаи кор ки ҳаст

зи офтоби қиёмати ситораи саҳараш

Ғами азшкстн киштӣ махӯр ба қулзуми ишқ

Ки ҳаст шҳпри тавфиқи муваҷҷаҳи хатараш

Чаҳ лофи қӯт парвоз мезанад анқо ?

зи нақш сода нигардидааст болу париш

Ҳарифи гиря хунин намешавад соиб

Назокат ки шикастааст шиша дар ҷигараш ?