Дили муқайяд ба шкрзор ҳавас нест маро

Риштаи ҳирс ба пои ҳамчу магас нест маро

Хоҳам аз олами боло чу садафи рӯзии хеш

Чун нигини чашм ба дасти ҳама кас нест маро

Бар дилами борӣ агар ҳаст з Форғболӣ аст

Гила аз дому шикояти з қафас нест маро

Ишқ покаст дарин қофилаи ҷинсӣ ки марост

Бимӣ аз ҳарза дароён ҷарас нест маро

Аз май ишқ буд мастии парвонаи ман

Ҳеҷ андешаи зи шабгард ва асас нест маро

Нашавад доми хасисон , нафас гироем

Гӯшагирӣ зи паии сайд магас нест маро

Ҳамаи шаби қофилаи нолаи ман дар роҳ аст

Гарчи фарёдрасии ҳамчу ҷарас нест маро

Ҳаст афшурдани дандон ба ҷигар , миваи ман

Чашм бар себи занхдони з ҳавас нест маро

намекунам сарфи шикарханда бе парвое

Гарчи чун субҳи фузун аз ду нафас нест маро

Баҳр аз ҷӯши гуҳари як дили пар обила аст

Дар чунин вақт ки дар сина нафас нест маро

Соиби он мавҷи саробам ки дарин домани дашт

Дил ба ҷо аз нафаси ҳарза мирс нест маро