Рангӣ аз лолаи изорон ҷаҳон нест маро
Баҳраи ҷузи доғи азин лола ситон нест маро
Ба тиҳии чашмии худ сохтаам чун ғарбол
Чашм бар хирмани он мўрмён нест маро
Аз тамошои гулистони ҷаҳон чун шабнам
Баҳраи ғайр аз дилу чашм нигарон нест маро
Оҳ каз қомат чун тири сбкрФторон
Ғайри хамёзаи хушкӣ чу камон нест маро
Гарчи чун фохта аз тавқ , тамоми оғӯшам
Ҷилвае қисмат азон сарв равон нест маро
Дар харобот ҷунун нашав ва намо ёфта ам
Санги атфол кам аз ратл гарон нест маро
Сард гардӣда дилу дасти ман аз ҷамъият
Барги шероза чу авроқ хазон нест маро
Нон агар нест маро , чашму дил сирӣ ҳаст
Об рӯ ҳаст , агар об равон нест маро
Дорам аз ҷавҳари зотии ҷигари теғи кабоб
Сухани сахт кам аз санг Фсон нест маро
Доим аз дарди талаби наъл дар оташ дорам
Манзилӣ чун сафари рег равон нест маро
Дили озодаи ман фориғ аз иқбол ҳумост
Сари парвоз ба бол дгарон нест маро
Зангёни душмани ойӣна бе зангоранд
Тамаъ рӯй дил аз тира дилон нест маро
Тифл табъаст мазоқам , ман агар пер шудам
Дил ҷавонаст , агар бахт ҷавон нест маро
Аз хасисони з хасисӣаст таваққуъи соиб
Барги коҳии тамаъ аз коҳкшон нест маро