Сабк аз ақл ба як ратл гарон кард маро
Суҳбати пери харобот ҷавон кард маро
Ҳалқаи каъбаи азуи наъл дар оташ дорад
Он ки саргаштатар аз рег равон кард маро
Хона бар дӯштар аз абр баҳорон будам
Лангари дарди ту чун кӯҳ гарон кард маро
Баста будам назар аз ҳар чаҳ дарин олам ҳаст
Чашми ошиқи нигаҳ ӯ нигарон кард маро
Гул рӯй сабади фасл баҳорон будам
Оҳ бебаргтар аз нахл хазон кард маро
Ду забонӣ чу алиф дар дили ман роҳ надошт
Ғамзаи мӯии шикофти ду забон кард маро
Ман на онам ки гарон бар дил мӯрӣ бошам
Ноз дар чашми ту чун хоб , гарон кард маро
Дили сад порау лухти ҷигару донаи ашк
Фориғ аз неъмати алвон ҷаҳон кард маро
Соиби афсурдагии тавбаи дарин фасли баҳор
Сарди ҳангоматар аз фасл хазон кард маро