Ним он шуъла ки хомӯш тавон кард маро
ё зи фонӯс , қбопўш тавон кард маро
Беш азонаст фурӯғи дили нӯронии ман
Каз фалак дар таҳи сарпӯш тавон кард маро
Хӯни ман дар ҷигар теғ занад ҷӯши нишот
Нестам бода ки беҷӯш тавон кард маро
Соф гардӣдаам аз дарди алойиқи чандон
Ки ба сад рағбат май , нӯш тавон кард маро
Гӯш то гӯши параст аз суханам рӯй замин
Чаҳ хаёласт ки хаси пӯш тавон кард маро ?
Шӯри ман ҳақи намак бар ҳама дилҳо дорад
Нест мумкин ки фаромӯш тавон кард маро
Ҳаст чун баҳри заҳри мавҷи марои оғӯшӣ
Кӣ туҳидасти зи оғӯш тавон кард маро ?
Ғайри он хати биногваш , дарин даъвӣгоҳ
Ҳалқа Эй нест ки дар гӯш тавон кард маро
Нагузидааст марои талхии айёми чунон
Ки ба таклиф , қадаҳи нӯш тавон кард маро
Ҳар камандӣ накунад сайди маро чун Мансур
Сайд чун дор ба оғӯш тавон кард маро
Бас ки соиб задаам ҷӯши зи рангинии фикр
Дар қадаҳ чун май сари ҷӯш тавон кард маро