Сар чу дӯд аз равзани ахтар бурун оварда ам

Шуълаи шӯхами сар аз миҷмар бурун оварда ам

Теғ май молади забон бар хоки пеши ҷуръатам

Печу тоб аз қабзаи ҷавҳар бурун оварда ам

Нест чун хуршед дар толеъи марои осӯдагӣ

Варна аз ҳар равзании ман сар бурун оварда ам

Дигарон аз баҳр агар гавҳар бурун оварда анд

Ман даҳони хушку чашм трбрўн оварда ам

Бо дил бенақш аз маҷмӯъаи олами хушам

Ман ҳамин як фарди азин дафтар бурун оварда ам

Ғайр сарбозӣ надорам муддаое чун ҳубоб

Гоҳ гоҳегар зи дарё србрўн оварда ам

Нест рангӣ аз ақиқи обдор ӯ маро

Гарчи обу ранг аз гавҳар бурун оварда ам

Дарду доғ ишқ дорад аз биҳиштам бе ниёз

Дар дили дӯзахи сар аз кавсар бурун оварда ам

Ҳайрат саршор дорад аз висолам бе насиб

Дар дили дарё чу моҳии пар бурун оварда ам

Дргшоди дили зи қайди зулфу кокули оҷизам

Ман ки садраи муҳра аз шшдр бурун оварда ам

Аз ҳиҷоби ишқ дар берун дар чун ҳалқа ам

Бо тугар аз як гиребон бурун оварда ам

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд фараҷ

Қатрае аз дасти сад гавҳар бурун оварда ам