Моҳи Мисрам дар ҳиҷоби чоҳи канъон монда ам
Шамъи хуршедами ниҳон дар зери домон монда ам
Аз азизони ҳеҷ каси хобӣ барои ман надид
Гарчи умрӣ шуд ки чун Юсуф ба зиндон монда ам
Манзили осоиши ман хок бар сар кардан аст
Сайл бе зӯрами ҷудо аз баҳри Аммон монда ам
Май гузорами сина бар реги равон аз тишнагӣ
Аз рикоби Хизр танҳо дар биёбон монда ам
Хӯни худро мехӯрд дил дар тан афсурда ам
Дар тилисми устихони оҷиз чу пайкон монда ам
Ҷилва зиндон кунад дар чашми ман шаҳри сабо
Ҳудҳуди хуш муждаам давр аз сулаймон монда ам
Ҳар нафас дар кӯчае ҷавлон ҳайрат ме занад
Дар саранҷоми ғубори хеши ҳайрон монда ам
Ҳеҷ кас аз бесаранҷомӣ намехонд маро
Нома дар рахнаи девори нисён монда ам
Ҷазбаи дарё ба фикри сайл ман хоҳад фитод
По ба гул ҳарчанд дар саҳрои имкон монда ам
Нестам навмед аз ташрифи сабзи навбаҳор
Гарчи чун нахл аз барги урён монда ам
Бекамӣн натавон ба сайди ваҳшӣ матлаб расед
Аз барои маслиҳат дар чоҳи канъон монда ам
Аз мурувват бар ҳам овозон тараҳҳум ме кунам
Ман на аз каҷи нағмагии беруни бустон монда ам
Қоф то қофи ҷаҳони овозаи ман рафта аст
Гарчи чун анқои зи чашми халқи пинҳон монда ам
Аз баландии шамъи ман партав ба давр андохта аст
Ғайри пиндорад ки ман дар зери домон монда ам
Чун Сикандари ташнаи лаб бисёр дорам ҳар тараф
Гарчи дар зулмати ниҳон чун оби ҳайвон монда ам
Тӯтии ман фориғаст аз чӯби манъи нешикар
Аз адаби давр аз висоли шкрстон монда ам
Гарчи дар дунёи маро беихтиёр оварда анд
Мунфаил аз хеш чун нохондаи меҳмон монда ам
Баҳри Ром кардан чу оҳӯи рост май созами нафас
Содаи лавҳи он кас ки пиндоради зи ҷавлон монда ам
Май расонади болу пар аз хӯшаи соиб дона ам
Дар замири хок агар як чанд пинҳон монда ам