Гарчи зери теғи лангардори маскани доштам

Пой чун кӯҳ аз гаронсангӣ ба домани доштам

Нили чашм захм шуд савдои маҷнӯни маро

Ҷой ҳар сангӣ ки аз атфол бар тани доштам

Завқи дилтангӣ гиребонгир шуд чун ғунча ам

Варна барги айш чун гули ман ба домани доштам

Косаи дарюза аз равзани набардами пеши моҳ

Хонаи худро зи барқи оҳи равшани доштам

Бихбр нагузаштам аз пое ки захм хор дошт

Чашм дар дунболи доими ҳамчуи сӯзани доштам

То чу моҳӣ бар канори афтодам аз баҳри адам

Доғи ҳасрати гашт ҳар фалсӣ ки бар тани доштам

Қомат хам барнаёварад аз гронхўобии маро

Пушти худ бар кӯҳ чун санг аз фалохани доштам

Барги коҳии қисмати мӯри ҳарис ман нашуд

Аз азизоне ки ман умеди хирмани доштам

Сарвро озодем дар печу тоб рашк дошт

Гарчи тавқи бандагии соиб ба гардани доштам