Мо ба эксири қаноати хокро зар карда ем

Заҳрро бисёр аз як ханда шукр карда ем

Нест ғайр аз содаи лавҳӣ дар бисоти мо камол

Сафҳаи ойӣнае ҷўни тӯтӣ аз бар карда ем

Дар шикасти мо таъаммул чист эй мавҷи хатар ?

Мо дарин дарё ба умеди ту лангар карда ем

Бимӣ аз оташ надорад шухии мо чун сапанд

Рақсҳо дар домани саҳроӣ маҳшар карда ем

Пӯст меандозад аз андешааш коми садаф

Оби талхиро ки мо дар сина гавҳар карда ем

Рӯзи маҳшари ҷурми моро парда дорӣ ме кунад

Мушти хокӣ каз сари кӯии ту бар сар карда ем

Аз сари тан парварӣ бигузар ки мо сайёд ро

Дар қафас аз ҷилваи паҳлавӣ лоғар карда ем

Соиб аз тасхири он оҳӯӣ ваҳшӣ оҷизем

Аз сухан ҳарчанд оламро мусаххар карда ем