Шавқ агар қофила солор шавад қофила ро

Роҳи хобидаи пар ва бол шавад роҳила ро

Даъвии пуч далеласт ба нуқсони камол

Раҳзанӣ нест ба ғайр аз ҷараси ин қофила ро

Хор агар раҳм ба ин баста забонон накунад

Кист дигар ки кушояди гиреҳи обиларо ?

Гашти оромиши дили боиси осоиши зулф

Ки сукӯни серумаи овоз буд силсила ро

Нафаси сӯхтаи грмрўон талаб аст

Ҳар сиёҳӣ ки намоён буд ин марҳала ро

Сар бемағз ба иқбол ҳумо ме нозад

Соя ток кунад масти тнки ҳавсила ро

Чун ҷамодии тараф рӯҳ тавонад гаштан ?

Набӯд рутбаи таҳсин ба мавқеи сала ро

Пешвоёни ҷаҳони амн аз Иблис наянд

Соиб аз гурги хатар беш буд сари гила ро