Нашуд аз рӯй ту сероби назари оина ро

Шарми рухсори ту хӯн кард ҷигари оина ро

Нест чун киштӣ тӯфон зада як ҷои ором

Дар прихонаҳи ҳасани ту назари оина ро

Дасти машшотаи тақдири зи ҷавҳар баста аст

Ба тамошои ту сад ҷои камари оина ро

Ин шикваӣ ки ба рухсор ту додааст худо

Бим он аст кунад шқ чу қамари оина ро

Зира аз ҷавҳари худ зери қабо пӯшида аст

Бас ки тарсида азон ғамзаи назари оина ро

Доми фӯлод саранҷом диҳад аз ҷавҳар

Нест аз шухии акси ту хабари оина ро

Ҳар нафас май гусалади силсилаи ҷавҳар ро

Кард девонаи ҷамоли ту магари оинаро ?

Гарчи зоҳир ба тамошои ҷаҳон машғӯл аст

Ҳаст бо ҷавҳари худ дом дигар оина ро

Хок дар коса сар кун назари худбин ро

Ки з дарёст фузуни мавҷи хатари оина ро

Гарчи ойӣна надорад хатар аз оби гуҳар

Беш азин рўмдаҳ эй поки гуҳари оина ро

Рухи мтоб аз сухани сахти накӯёни соиб

Пеши ин санг тавон кард сипари оина ро