Ба дунёи даст аз домони уқбо барнаме дорам

Чу Юсуфи дидагони нози Зулайхо барнаме дорам

Маро натавон ба доми суҳбат аз азлати баровардан

зи кӯҳи қофи пушти худ чу анқо барнаме дорам

Ба ин шодам ки бар дилҳо ним бор аз гронҷонӣ

Агар бории з бе баррагии зи дилҳо барнаме дорам

Дарин дарё набошад як садаф бе гавҳари ибрат

На аз тифлӣастгар чашм аз тамошо барнаме дорам

Ба ин абри сияҳ умедҳо дорад лаби хушкам

Ба хати ман дил аз он лаъли шкрхо бар наме дорам

Назар бар қомат бе сояи он симтн дорам

зи сарви бӯстони нози ду боло бар наме дорам

Нагардад то чу субҳи ойӣнаи торики ман равшан

Ду дасти аҷз аз домони шабҳо бар наме дорам

намесозад ҳунар аз айб чун тоўси маҳҷӯбам

Ба чандини боли рангини чашм аз по бар наме дорам

Фишонам ҳар чаҳ дорам беталаб дар домани соил

Ки ман чун абр аз ҳиммати тақозо бар наме дорам

Набошад тӯшае дар кори меҳмони карямон ро

Аз он имрӯзи зод аз баҳри фардо бар наме дорам

Ту каз озори маҳрӯмии раҳи ҳамвор пайдо кун

Ки ман бе неши хор аз ҷои худ по бар наме дорам

Ту каз ғайрати надории баҳра Эй бурдор коми дил

Ки ман аз саркашии ибрати зи дунё бар наме дорам

Агар аз гардани афрозии серум бар осмон сояд

Сар аз пои қадаҳи соиб чу мино барнаме дорам