Сайлро ганҷи шуморади дили вайронаи мо

Барқро танг дар оғӯш кашад донаи мо

Аз дилу чашм буд шишау паймонаи мо

На фалаки мавҷ ҳубобӣаст зи майхонаи мо

Ду ҷаҳон дар назари мо ду саф мижгон аст

Нур ҳал карда буд бодаи майхонаи мо

Шиква дар машраби мо сӯхта ҷонон куфраст

Шамъ доғаст зи хомӯшии парвонаи мо

Зери шамшери ҳаводиси мижа бар ҳам назанем

Бар рухи сайл кушодааст дар хонаи мо

Муҳраи гули паии бозичаи атфол хуш аст

Дили сад пора буд сбҳаҳи сад донаи мо

Рӯзгорӣаст ки дар дайри Муғон май резад

Об бар дасти сабу , гиряи мастонаи мо

Нисбати сайл ба ин хонау маҳтоб яке аст

Душман аз дӯст надонад дили девонаи мо

Айш дар кулбаи мо бе сарви поён фарш аст

намеравад рӯ ба қафои сайли зи вайронаи мо

Гирдбодӣ шаваду доман саҳро гирад

Гар ба девор фитад сояи девонаи мо

Тира рӯзем вале шаби ҳамаи шаб май сӯзад

Шамъи кофурии маҳтоб ба вайронаи мо

Пардаи гӯш агар бол самандар гардад

Таб кунад аз асари гармии афсонаи мо

Рӯй дар домани саҳроӣ ҷунун оварда аст

Каъба аз ҳасани худододи снмхонаҳи мо

Нест дар олами инсофи азизии соиб

Ошноӣ ки шавад маънии бегонаи мо