Равшанаст аз дил бе кӣнаи мо синаи мо
Гавҳари мости чароғи дили ганҷинаи мо
Гарчи дар нофаи мо ҷузи ҷигар сӯхта нест
Ҷигари нофа буд доғи зи пашминаи мо
( субҳи шанбе ба назар ҷилва кунад мисатон ро
Аз фурӯғ май гулгуни шаби одинаи мо )
Гар шавад муваҷҷаҳи дарёии ҳаводиси сайқал
Нест мумкин ки шавад сайқалии ойӣнаи мо
Дили моро башикан гавҳар агар май хоҳӣ
Ки шикастаст калид дар ганҷинаи мо
Ҷой шукраст ки имсол шуд аз гардиши чарх
Чун май куҳнаи гуворои ғами деринаи мо
Чашми захмии зи гаронони ҷаҳон гар нарасад
Хатар аз санг надорад дили ойӣнаи мо
Ҳар камондор ки аз дасти қазо қабза гирифт
намекунад дасти равон бар варақи синаи мо
Кор фонӯс кунад дар дили шабҳо соиб
Хонаи мо зи сафои дил бе кӣнаи мо