Нақди ҷон дар бағал аз баҳри нисор омада ем

Ҳамаи ҷои рақси кунони ҳамчуи шарор омада ем

Ишқи устода ва мо ҷой дигар машғӯлем

Ба тавофи ҳарам аз баҳри шикор омада ем

Нақд ҷон чист ки дар роҳ фано натавон бохт ?

Мо дарин кор ба сад ҳирси шарор омада ем

Барги мо лухти ҷигар , миваи мо бор дил аст

Мо чаҳ нахлем ндонем ба бор омада ем

Чашм ботин бигушо , Ром махӯр аз зоҳири мо

Ганҷ ишқем ки дар кисвати мор омада ем

Чеҳраи айш дар ойӣнаи мо нанамуда аст

То ба ин хонаи пари гирду ғубор омада ем

Пардаи санги хатари доман соҳил бӯда аст

Дили мо хуш ки зи дарё ба канор омада ем

Нест як нуқтаи бекори дарин сафҳаи хок

Мо дарин ғамкада ёрб ба чаҳ кор омада ем

Чун гул аз хок ба назораи рӯйиши соиб

Бо тибқҳои пар аз зари нисор омада ем