Гарчи бо кӯҳи гаронсанги гуноҳ омада ем
Лек чун санги нишон бар сари роҳ омада ем
Бар сияҳи кории мо ҳар сар мӯеаст гувоҳ
Гарчи хомӯши зи иқрори гуноҳ омада ем
Нестам аз карами баҳр чу анбари навмед
Гарчи аз хомии дили номаи сиёҳ омада ем
Парда бурдор зи рухсори худ эй субҳи умед
Ки сияҳи нома чу шабҳои гуноҳ омада ем
Рояти фатҳи зи ангушт шаҳодат дорем
Гарчи дар гирди ниҳони ҳамчуи сипоҳ омада ем
Шаби зулмонеи мо номаи сияҳ чун монад
Ки ба ҷўлонгаҳи он рӯй чу моҳ омада ем
Сабз кун бор дигар мазраъ бе ҳосили мо
Гарчи мустуҷиби оташ чу гиёҳ омада ем
Ҳаст умед ки навмеди з ғуфрон нишуем
Мо ки бо ҳадяи мақбули гуноҳ омада ем
Ҷони моро ба нигаҳбонӣ исмат дарёб
Ки зи кӯтаҳи назарӣ бар лаби чоҳ омада ем
Раҳм кун бар нафаси сӯхтаи мо ёрб
Ки дарин роҳ , Аннани рез чу оҳ омада ем
Нест мумкин ки шавад хизмати мо по ба рикоб
Бо қади хам шудаи охири ҳамаи роҳ омада ем
Хӯшае чун маи нави қисмат мо хоҳад шуд
Дар тамомӣ ба сари хирмани моҳ омада ем
Пок кун аз худии ойӣнаи худбинии мо
Ки ба даргоҳи ту аз худ ба паноҳ омада ем
Ин ки дар ҷома зуҳдем на аз диндорӣ аст
Ки паии роҳзанӣ бар сари роҳ омада ем
Нест инсофи назари бастаи гузаштан аз мо
Ба умедӣ ба сари роҳи нигоҳ омада ем
Соиби ин он ғазали ҳофиз воло гуҳараст
Ки дарин баҳри карами ғарқи гуноҳ омада ем