зи ҷӯши ишқи ту майхона дар бағал дорам
Биҳиштӣ аз дили девона дар бағал дорам
зи тири нози ту доим чу синаи таркиш
Шаби дарози прихонаҳ дар бағал дорам
Ғами ҷаҳони натавонад ба гирд ман гардид
Ки шиша дар кафу паймона дар бағал дорам
Хароби ҳолеи ман дўрбоши чашми бадаст
Вагарнаи ганҷ чу вайрона дар бағал дорам
Аз он ба ҷустан ман пои з сар кунад ғаввос
Ки чун садаф дар икдонаҳ дар бағал дорам
Чу рафтааст маро аз хумори даст аз кор
Азин чаҳ суд ки майхона дар бағал дорам
Дар интизор баҳоранд аҳли зоҳир ва ман
Баҳорӣ аз дили девона дар бағал дорам
Ба фикри сангдилон дар намози машғӯлам
Даруни каъбаи снмхонаҳ дар бағал дорам
Ба дом мекашадам лиззати гирифторӣ
Ва гарна аз дили худ дона дар бағал дорам
Чу чашм агар чаҳ ба зоҳири ду дасти ман холӣ аст
Ҳазор гавҳари икдонаҳ дар бағал дорам
Ҷавоби он ғазаласт ин ки гуфтааст мутӣъ
Калиди каъбау бтхонаҳ дар бағал дорам