Чигуна дарди худ аз мардумон ниҳон дорам
Ки аз шикастагии ранг тарҷумон дорам
Намондааст маро дар бисоти ҷузи оҳӣ
Ҳазор душман ва як тир дар камон дорам
Саробро зи ҷигари ташнагон бодия нест
Хиҷолатӣ ки ман аз рӯй миҳмон дорам
Ба марги қатъи умед аз хаданг ӯ накунам
Ҳануз субҳи умедии з устихон дорам
Гуноҳкор надорад зи ояи раҳмат
Таваққуъӣ ки ман аз хат длстон дорам
Сари ниёзи марои поймол ноз макун
Ки ҳақи саҷда бар он хок остон дорам
Агар ба доман Юсуф намерасад дастам
Ба ин хушам ки сари роҳ корвон дорам
Дарин баҳор ки додам ба дасти ақли Аннан
Ҳазор силсилаи девонагӣ зиён дорам
Шукуфтагии талабами соиб аз дили пари шӯр
зи шӯраи зори таманноӣ заъфарон дорам