зи бурдбории мо хор ва зор шуд олам
зи кӯҳи тоқати мо сангсор шуд олам
Басаст силсилаи ҷунбони насими дарё ро
зи биқрории мо биқрор шуд олам
зи гӯшаи дили худ сар бурун наёвардем
Агар хазон ва агар навбаҳор шуд олам
Биҳишти барги хазони дида Эйаст ориф ро
зи сайри чашмии мо шармсор шуд олам
Кадоми дасти баромади зи остин ёрб
Ки як пиёла май бар хумор шуд олам
Кунад фузулии меҳмони бахилро бдхў
зи созгории мо созгор шуд олам
Тавон ҳарифи дағоро ба нақш кам дили барад
зи покбозии мо хуш қимор шуд олам
Кабоби сӯхтаро ашк нест ҳайронам
Ки чун зи хӯни дилами лола зор шуд олам
Надошт мояи абри баҳори олами хушк
зтар забонии мо навбаҳор шуд олам
зи нолаҳои ҷигарсӯзи хомаи соиб
Чу лолаи як ҷигар доғдор шуд олам