зи мива гарчи дарин бӯстони сбкборим
Ҳамон чу сарв ба озодагӣ гирифторем
Замин мурда шуд аз навбаҳори зинда ва мо
Ба хоби бихбрии ҳамчу нақш деворем
Ҳазор пардаи дили мо зи шаби сёҳтрст
Ба чашми зоҳир агар чун ситора бедорем
Макун чу зарраи зи ваҷду самоъи моро манъ
Ки мо ба болу пар офтоб сайёрем
Ба чашм агарчӣ ба нақш ва нигор машғӯлем
Дилии зи хонаи ойӣна поктар дорем
Ҷаҳони зи қимати мо муфлисаст ва бе басарон
Гумон баранд ки мо муфлис харидорем
Агарчӣ тӯтии мо сабз карда сухан аст
Гарон ба хотири ойӣна ҳамчу зангорем
Чу абр бар рухи мо теғ май кашанд аз барқ
Ба ҷурми ин ки дарин бӯстон гуҳарборем
зи оби гавҳари мо тар шавад гулӯии ҷаҳон
Лабӣ агарчӣ зи шамшери хушк тар дорем
Ҳамон зи сангдилӣ дар шикаст мо кӯшанд
Чу оби оина ҳар чанд соф ва ҳамворем
Агарчӣ шҳпри парвози мости лолау гул
Ҳамон чу қатраи шабнам ба бӯстон борем
Ба қофи азлат азон рафтаем чун анқо
Ки мо шикори призод дар назар дорем
Чаҳ неъматӣаст ки зоғ ва заған наме донанд
Ки мо ба кунҷи қафас дар миён гулзорем
Каманди ҳиммати мо чин ба худ наме гирад
Ба ҳар шикор маҳоласт сари фурӯди орем
Таваққуъи карам аз сифла доштан куфраст
Сипеҳр ҳар чаҳ ба мо мекунад сазоворем
Азон таронаи мо ҳуш май баради соиб
Ки пайрави сухани мавлавӣ ва атторем