Рӯй сухани зи оинаи рӯйон надида ам
Гоҳе зи пушти оина ҳарфӣ шунида ам
Дар қабза манаст раги хоб ҳарчӣ ҳаст
Ҳар кӯчае ки ҳаст ба олам давида ам
Лаби ташнаи фироқаму омодаи видоъ
Тири зи шасти ҷуста , камон кашида ам
Аз ҷавр рӯзгор надорам шикоятӣ
Ин гургро ба қимат Юсуф харида ам
Доман фишон гузаштаам аз боғ чун насим
Чун гул ба рангу буи бисотӣ начида ам
Мӯрам вале ба болу пари ҳарфи шаккарин
Худро ба рӯй даст сулаймон кашида ам
Ҷӯшидаам ба душмани хунхор чун шароб
Бар рӯй теғи гармтар аз хӯн давида ам
Он донаам ки серума шудааст устихони ман
То хешро зи хӯша ба хирман кашида ам
Чун шамъ агар чаҳ ҳар раги ман ҷӯй оташӣ аст
Дар коми аҳли дили самар норасида ам
Ҳиммат ба сайри чашмии ман ноз ме кунад
Оби ҳаётро ба такаллуф чашида ам
Бар рӯй нозболши гул такя ме кунад
Ошиқ ба шӯхи чашмии шабнам надида ам
Аҳли назар ба чашми маро ҷой ме диҳанд
Он қатраам каз обилаи дил чакида ам
Соиб чу нест аҳли дилӣ дар бисоти хок
Ман низ по ба доман азлат кашида ам