Зин на садаф ба равшании дил гузашта ам

Чун баҳри бикнори зи соҳил гузашта ам

Маҷнӯн ба гирд ман нарасад дар гузаштагӣ

Чун гирдбод , рости зи маҳмил гузашта ам

Аз дайр ва каъба нест хабари раҳрави маро

Чун барқ бар сиёҳии манзил гузашта ам

Дилбастагӣ ба сояи марои санги раҳ шуда аст

Чун сарву бед агар чаҳ зи ҳосил гузашта ам

Сайди забун чаҳ узр тавонад зи теғ хуаст ?

Дар ҳашари чашми бастаи зи қотил гузашта ам

Зулмаст банда кардани озодагон ба ҷӯад

Аз роҳи раҳм , хушки зи соил гузашта ам

Чун мавҷ , қадрдонӣ дарёст матлабам

Гоҳе агар ба домани соҳил гузашта ам

Соил ба бениёзӣ ман нест дар ҷаҳон

Лаби бастаи борҳои з дар дил гузашта ам

Соиб шудааст серумаи нафас дар гулӯии ман

То аз ҳиҷоби олами ботил гузашта ам