Чашмӣ ба гиря тар нашуд аз дӯди оташам
Ёрб чаҳ буд маслиҳат аз буд оташам ?
Парвонаи маро ба чароғ эҳтиёҷ нест
Чун карами шбчроғи зарандуди оташам
Осӯдаанд сӯхтагон аз гудози ишқ
Аз хоме ки ҳаст маро , авди оташам
Пои чароғ сӯхтагонаст сина ам
Аз доғи ишқ , каъбаи мақсӯди оташам
Сӯзӣ ки ҳаст дар ҷигари ман маро бас аст
Хомӣ намекунад ҳавас олуд оташам
Дигари Аннан гиря наёрад нигоҳ дошт
Дар дидае ки серума кашад дӯди оташам
На мустаҳаққи ишқам ва на дар хури ҳавас
Бегонаи биҳиштаму мардӯди оташам
Хокистараст ҳосил нашав ва намой ман
Беоқибат чу хирмани нобӯди оташам
Аз оҳ кам нашуд пркоҳии ғам аз дилам
Шуд чеҳраи каҳрабоеи азин дӯди оташам
Чун гавҳари гиромии одами дарин бисот
Масҷуди офаринишу мардӯди оташам
Соиб нагашт нарми дили оҳанӣни ман
Умрӣаст гарчи дар кафи Довӯди оташам