Аз шарми ишқ буд маро дар ниқоби чашм
Шуд зон рухи кушодаи маро бе ҳиҷоби чашм
Сӯзад ба ҳар куҷо ки фитад ашки гарми ман
Дорад зи бас ба дидани рӯяти шитоби чашм
Тарк ҳаёт нест ба хотири марои гарон
Тарсам шавад зи марг , бдомўзи хоби чашм
Имрӯзи маҳви духтар руз нест чашми ман
Вошди маро ба рӯй қадаҳ чун ҳубоби чашм
Машқи назораи гул рӯй ту ме кунам
Гар афканами ҷудои зи ту броФтоби чашм
Поем намерасад ба замин аз шукуфтагӣ
То судаам ба пои ту ҳамчун рикоби чашм
Аз хат фузуд мастии он чашми пари хумор
Дар навбаҳор сайр нагардад зи хоби чашм
Гуҳ ашк мефишонду гуҳ маҳв ме шавад
Ҳар дам занад зи шавқи ту нақшӣ бар оби чашм
Аз баҳр , чун ҳубоб , тиҳӣ косааст ҳирс
Қонеъ диҳад чу обилаи об аз сароби чашм
Фарёд каз назораи хуршеди талъатон
Хоҳад расонади хонаи дилро ба оби чашм
Боғу баҳори ишқ , ҷигарҳои сӯхта аст
Оташ ҳамеша об диҳад аз кабоби чашм
Ҳар кас ки обрӯи талабади соиб аз сухан
Дорад зи ҳирс аз гули коғази гулоби чашм