Аз гавҳари сиришк буд обу тоби чашм

Чашмӣ ки хушк шуд набӯд дар ҳисоби чашм

Аз чашм ва дил мапурс ки дар аввалин нигоҳ

Шуд чашми ман хароби дилу дили хароби чашм

Бедор кардани дили хобида мушкил аст

Вар на ба як ду қатра шавад шастаи хоби чашм

Дар дасти раъшаи дори гуҳарро қарор нест

Шуд биқрори ашки ман аз изтироби чашм

Аз ҳайрати ҷамоли ту ойӣна хушк шуд

Аз офтоб агар чаҳ шавад беш оби чашм

Хоҳад дамид сабзаи хат аз изори ёр

То хушк мекунад арақи худ ҳиҷоби чашм

Субҳ аз назораи дидаи хуршедро нест

Кӣ мешавад сифедии зоҳири ниқоби чашм ?

Ҳар чанд аз офтоб буд талхии гулоб

Шуд талх аз надидан рӯяти гулоби чашм

Аз бас ба рӯй тозаи хатон чашм дӯхтам

Чун мусҳафи ғубор маро шуд китоби чашм

Ҳаргиз намерасад лаби хамёзааш баҳам

Аз хонааст агар чаҳ муҳайёи шароби чашм

Соиби шиканҷае бтар аз чашм шӯр нест

Пурвои шӯр ҳашар надорад кабоби чашм