Умрӣаст мо лаб аз тамаъи хом баста ем
Аз сабри санг бар дили ноком баста ем
Минои бода бо раги гардани мутӣъи мост
То лаби зи гуфтугӯ чу лаби ҷом баста ем
Аз шукраст бистару болини мо чу мағз
То дида аз назора чу бодом баста ем
Бетолеъем , варна дарин турфаи сайдгоҳ
Чандон ки чашм кор кунад дом баста ем
Зон лаб каз ӯ касе нашунидааст ҳарфи талх
Умедҳо ба бӯсау пайғом баста ем
Асбоби Комронӣ хасмаст сол ҳо
Тарафӣ ки мо азин дили худ ком баста ем
Ҳарчанд бар замини пари мо нақш баста аст
Эҳроми бӯсаи лаби он бом баста ем
зи оғоз ме тавон ба саранҷоми роҳи барад
Мо дили абас ба фикри саранҷом баста ем
Чун дона нест ориятии сайри доми мо
Мо дил ба дом чун гиреҳи дом баста ем
Соиб ба завқ мо натавон ёфт кофарӣ
Зуннорро ба рағбати эҳром баста ем