Тӯмори умр тай шуд ва ғофил нишаста ем

Дар роҳ орамида чу манзил нишаста ем

Болини з теғ кардау осӯда хуфта ем

Бар мавҷ такя карда ва ғофил нишаста ем

Мавҷи вҳбоби тоҷу камар аз муҳӣт ёфт

Мо ҳамчунон ба доман соҳил нишаста ем

Мушкил равон шавад ба дусади неши хӯни мо

Аз баси миёни мардум коҳил нишаста ем

Ҳайрати нигар ки бар дами шамшери обдор

Дар интизори ҷилва қотил нишаста ем

Аз дайру каъбаи дидаи умедвори хеш

Пӯшида , рӯзу шаб ба дар дил нишаста ем

Ғифлат ба мо чаҳ зулми азин бештар кунад ?

Дар даври чашми масти ту оқил нишаста ем

Навмед аз кашокаши баҳри карам на ем

Соиб агар чаҳ то мижа дар гул нишаста ем