Ҷо дар сиёҳи хонаи савдо гирифта ем

Аз дасти лолаи домани саҳро гирифта ем

Осон ба чанг мо нафитодааст шамъи тавр

Сад даст , панҷа бояд Байзо гирифта ем

Аз ҳиммати баланд ки умраши дарози бод

Дом магас фикандау анқо гирифта ем

Инсоф нест рондан мо аз ҳарими васл

Пеш аз сапанди омадау ҷо гирифта ем

Аз мо забони хомаи таклиф кӯтаҳ аст

Хати амони зи соғари саҳбо гирифта ем

Девонаем лек назар банд нестем

Пеши зи гирдбод ба саҳро гирифта ем

Тори кафан ба захми забон бахя ме занад

Сӯзани абаси зи дасти масеҳо гирифта ем

Девонагӣ алоҷ надорад ва гарна мо

Равғани зи реги оташи савдо гирифта ем

Сад найзаи мавҷи хӯни зи сармо гузашта аст

То мисраии зи олами боло гирифта ем

Соиб ба зӯри ҷазбаи табъи баланди хеш

Хуршедро зи дасти масеҳо гирифта ем