Мо шамъро ба шҳпри худ , сар гирифта ем

Доими зи шишаи пунба ба лаб баргирифта ем

Бар мехӯрем бо ҳамаи талхии кушода рӯй

Сари машқи машраб аз хати соғар гирифта ем

Хомӯш кардаем ба нармии ҳариф ро

Доим ба мум , равзани миҷмар гирифта ем

Борӣ ки санг серума кунад кӯҳи қоф ро

Аз дӯши осмону замин баргирифта ем

Тасхир кардаем фалакро ба ним оҳ

Намрудро ба пашшаи лоғар гирифта ем

Сарпанҷаи тасарруфи мо оҳанӣн қабост

Дар оби теғи реша чу ҷавҳар гирифта ем

Дар зери чархи хоб фароғат наме кунем

Аз роҳи сайли бистари худ баргирифта ем

Зон хати машки фом ки хӯн мечакад аз ӯ

Ойӣна чун муҳӣт ба анбар гирифта ем

Дилсӯзтар зи ҳасани глўсўз ёр нест

Мо чошнии қанд , мукаррар гирифта ем

Он зулфро ба донаи дил сайд карда ем

Симурғро ба доми кабӯтар гирифта ем

Тӯфони Нӯҳ сард насозад танури мо

Зини сон ки мо зи оташ дил даргирифта ем

Нисбат ба кӯии дӯст дурустаст азми мо

Аз изтироби дили раҳи дигар гирифта ем

Аз печу тоби ишқ ки умраши дарози бод

Чун риштаи ҷой дар дили гавҳар гирифта ем

Он оташӣ ки ҷуръати парвона доғ ӯст

Дар зери боли худ чу самандар гирифта ем

Натавон гирифт дили зи сари зулф , варна мо

Барги хазони расидаи зи сарсар гирифта ем

Аз мо мҷўии зинати зоҳир ки чун садаф

Мо андаруни хона ба гавҳар гирифта ем

Соиби зи ҳамзабонии аттори хуши забон

Минқори худ чу писта ба шукр гирифта ем