Як умри пушти даст ба дандон гирифта ем

То бӯсае азон лаби хандон гирифта ем

Гардӣдааст дар назари мо ҷаҳони сиёҳ

То ҷуръае зи чашмаи ҳайвон гирифта ем

Афтодаем дар таҳи пои солҳо чу мӯр

То ҷо ба рӯй дасти сулаймон гирифта ем

Дар бутаи гудоз чу ма об гашта ем

Каз хон офтоби лаби нон гирифта ем

Моро зи чӯб манъ матарсон ки ҳамчуи субҳ

Мо теғи офтоб ба дандон гирифта ем

Овардааст маънии бегонаи рӯ ба мо

То тарки ошнои ёрон гирифта ем

Ангушт ҳайратӣаст ки дорем дар даҳан

Комӣ ки мо азон лаби хандон гирифта ем

Чун дасти мо зи чок гиребон шавад ҷудо ?

Густохи домани маи канъон гирифта ем

Нагирифтааст Хизри зи сарчашмаи ҳаёт

Комӣ ки мо зи чоҳи занхдон гирифта ем

Чун субҳ аз азимати содиқ ба як нафас

Рӯй замин ба чеҳраи хандон гирифта ем

Дилгир нестем зи бахти сиёҳи хеш

Файзи саҳари зи шоми ғарибон гирифта ем

Ҷузи печ ва тоб нест , ки умраши дарози бод

Комӣ ки мо зи силсилаи мӯён гирифта ем

Бар рӯй бетамаъ нашавад бастаи ҳеҷ дар

Мо чӯби манъ аз кафи дарбон гирифта ем

Рӯ тофтани з ҷўрбтон нест кори мо

Чун субҳи теғи меҳр ба дандон гирифта ем

Бе чашми захм , гавҳари шҳўор ибрат аст

Соиби таматтуъӣ ки здўрон гирифта ем