Мо хайри боди лиззат парвоз карда ем

Тъўизи боли чнгл шаҳбоз карда ем

Гардуни ҳарифи мо ба тағофул наме шавад

Хӯнҳо ба сабр дар ҷигар ноз карда ем

Сайёд бе муруввати моро хабар кунед

Каз дом муддатӣаст ки парвоз карда ем

Гулро ба рӯ агар нашносем айб нест

Мо чашм дар ҳарими қафас боз карда ем

Сӯзӣ надошт шуълаи овози булбулон

Мо ноларо ба тарз дигар соз карда ем

Соиб чу ҳоли мардум оқил шунида ем

Шукри ҷунуни хона барандоз карда ем