Мо пардаҳои гӯши худ аз ҳуш карда ем

Пандӣ ки додаанд ба мо гӯш карда ем

Дар обгинаи хона бениш нишаста ем

Лабро зи ҳарфи биҳдаҳ хомӯш карда ем

Гар ҳанзали сипеҳр ба соғар фишурда анд

Бо ҷабҳаи кушода чу гул нӯш карда ем

Дорад чу ток агар раги хомии шароби мо

Тақсири саъии мост ки кам ҷӯш карда ем

Бар хори хушк агар назари мо фитода аст

Аз як нигоҳ , лола биногваш карда ем

Дорем ёд ҳар ки ба мо карда некуӣ

Некӣ ба ҳар ки карда фаромӯш карда ем

Магузор дасти ғайр ба гардан расад туро

Мо субҳро зи оҳ , сияҳ пӯш карда ем

Моро агар чу хомаи бибаранди сар , равост

Аҳбобро ба нома фаромӯш карда ем

Соиби ҳароми бод ба мо завқи гуфтугӯ

Гар инчунин сухани з касе гӯш карда ем