Мо нақли бодаро зи лаб ҷом карда ем
Одат ба талхкомӣ аз айём карда ем
Донистаем бӯсаи зиёд аз даҳони мост
Сулҳ аз даҳони ёр ба пайғом карда ем
Аз мо мтоб рӯй ки аз оҳи нимшб
Бисёр субҳи оинаро шом карда ем
Моро фиреб дона намеоварад ба дом
Каз донаи сулҳ бо гиреҳ дом карда ем
Дар ҳасрати бунафшаи хатон замона аст
Чашмӣ ки мо сифед чу бодом карда ем
Дар охирин нафаси кафани хешро чу субҳ
Аз шавқи каъбаи ҷома эҳром карда ем
Мо ҳамчуи одам аз тамаъи хоми дасти хеш
Дар хулди нони пухтаи худ хом карда ем
Созанд азон сиёҳи рухи мо ки чун ақиқ
Ҳамвори хешро зи пай ном карда ем
Чашми гуруснаи ҳалқа домаст сайд ро
Мо хешро халоси азин дом карда ем
Соиб ба танги айшӣ мо нест мекашӣ
Чун лолаи ихтисор ба як ҷом карда ем