Мо ранги гули зи буии гул идрок карда ем
Сайри баҳор дар хас ва хошок карда ем
Чун аҳли зуҳди шохчаҳ бандӣ наме кунем
Тарки Асоу шона ва мисвок карда ем
Чун абр ҳар куҷои қадами мо расида аст
Ганҷи гуҳари зи обила дар хок карда ем
Дар сина кардаем ниҳони рози ишқ ро
Занҷири барқ аз хас ва хошок карда ем
Моро назар ба равзани қаср биҳишт нест
То сари буруни зи ҳалқа фитрок карда ем
Чун офтоб агар чаҳ надорем лашкарӣ
Тасхири олам аз назар пок карда ем
Саъй аз барои ризқ муқаддар наме кунем
Мо ин арақи зи ҷабҳаи худ пок карда ем
Навмед нестем зи эҳсони навбаҳор
Ҳар чанд тухми сӯхта дар хок карда ем
Соиб чаро қабул нагардад дуои мо ?
Мо қиблаи худ аз ҷигар чок карда ем