Мо гарчи дар баландии фитрат ягона ем
Сад пилаи хоксортар аз остона ем
Дидем агарчӣ санг дар ӯ борҳо гудохт
Мо ғофил аз гудози дарин шиша хона ем
Дар гулшанӣ ки хирман гул меравад ба бод
Дар фикри ҷамъи хору хас ошиёна ем
Аз мо мапурс ҳосили маргу ҳаёт ро
Дар зиндагӣ ба хоб ва ба мурдан фасона ем
Чун субҳи зери хаймаи дилгири осмон
Дар орзӯии як нафас беғамона ем
Чун зулфи ҳаркиро ки фитад кор дар гиреҳ
Бо дасти хушки уқдаи гшои ҳамчу шона ем
Доими камони чарх буд дар камӣни мо
Дар хокдони даҳр ҳамоно нишона ем
Онҷост одамӣ ки дилаш сайр ме кунад
Мо дар миёни халқи ҳамон бар карона ем
Моро забони шикваи зи бедод ёр нест
Ҳарчанд оташем вале безабона ем
Гар ту гул ҳамеша баҳории замона ро
Мо булбул ҳамеша баҳор замона ем
Дар маҳфилӣ ки рӯй ту арз сафо диҳад
Саргаштатар зи тӯтии ойӣна хона ем
Соиб гирифтаем канории зи мардумон
Осӯда аз кашокаши аҳл замона ем