Доғии зи ишқ бар дил фарзона сӯхтем

Қандили каъбаро ба снмхонаҳ сӯхтем

Ҳаргизи садои болу пар мо нашуд баланд

Оҳистаи ҳамчуи шамъи дарин хона сӯхтем

Чидндгли зи шамъи ҳарифони даври гирд

Мо дар канори шамъ ғарибона сӯхтем

Ошиқи куҷоу ҷуръати бӯсу канори ёр ?

Мо бедилон ба оташ парвона сӯхтем

намешуд ҳазор қофиларо шавқи мо далел

Сад ҳайфи азин чароғ ки дар хона сӯхтем

Ганҷ аз гуҳар ба турбати мо шамъҳо фурухт

Мо ҳамчуи ҷғд агар чаҳ ба вайрона сӯхтем

эй оби зиндагии зи шабистони буруни хиром

Каз интизори ҷилва мастона сӯхтем

Ҳангомаи гарм соз зарураст ишқ ро

Моу сапанд ҳар ду ҳарифона сӯхтем

Об ҳаёт мечакад аз абри навбаҳор

Акнӯн ки мо зи ташнаи лабӣ дона сӯхтем

Аз як пиёлаи хору хаси зуҳди хушк ро

Мастона сӯхтем ва чаҳ мастона сӯхтем !

Аз шамъ , хӯшаи тухм шарорӣ набаста буд

Рӯзӣ ки боли хеш чу парвона сӯхтем

Дар зери теғ шамъ накардем изтироб

Соиби дарин бисот далерона сӯхтем