Мо ихтиёри хеш ба саҳбо гузоштем
Сар бар хати пиёла чу мино гузоштем
Омад чу мавҷи домани соҳил ба дасти мо
То ихтиёри хеш ба дарё гузоштем
Аз ҷабҳаи кушода гаронӣ равад зи дил
Чун кӯҳи сар ба доман саҳро гузоштем
Аз ҳарфу савти зеру зибр буд ҳоли мо
Меҳри сукут бар лаб гуё гузоштем
Чун сайли гирди кулуфти мо ҳар қадам фузуд
То пой дар хароба дунё гузоштем
Аз сар задан чу шамъ шавад беш шавқи мо
То рӯй худ ба олам боло гузоштем
Аз халқи рӯзгори гирифтеми гӯша Эй
Бар кӯҳи қофи пушт чу анқо гузоштем
Шуд махмали ду хобаи зи хоби гарони мо
Паҳлу агар ба бистар хоро гузоштем
Девонаи рости силсилаи шерозаи ҷунун
Дилро ба он ду зулф чилипо гузоштем
Аз даст рафт дил ба назари боз карданӣ
Ин Тифлро абас ба тамошо гузоштем
Соиби биҳишти нақди дарин ншأаҳ ёфтем
То дасти рад ба сина дунё гузоштем