Нақши мурод агар чаҳ нашуд дастгири мо
Берун ба зӯри ҳиммати азин шшдри омадем
Мардуми ҳамон зи сояи мо файз ме баранд
Монанди сарву бед агар бе бар омадем
Аз заҳр сабз шуд қалами устихони мо
То дар мазоқи аҳли ҷаҳони шукри омадем
эй умри барқи сайр , шитоби ӣнқадар чаро
Охир ба ин ҷаҳон на паии ахгари омадем
Соиб фитод атласи гардун ба пои мо
Рӯзӣ ки аз либоси таъаллуқ бар омадем
Гаштем хок то зи фалаки бартари омадем
Мардем то зи баҳри фано бар сари омадем
Чандини ҳазор бор фишондем хеш ро
То ҳамчуи об дар назари гавҳари омадем
Чун бода об шуд зи лагади устихони мо
То аз ҳарими хам ба лаби соғари омадем
Хўшўқт шуд димоғи парешони рӯзгор
Рӯзӣ ки мо чу авд ба ин миҷмари омадем
Моро ба чашми шӯр , ҳасудон гудохтанд
Ҳар чанд ташнаи лаби зи лаби кавсари омадем
Чун корвони оина аз Зангбори чарх
Дар гулхани ҷаҳони паии хокистари омадем
Ойӣнаро ба домантар то ба кӣ наҳем ?
Охир ба ин ҷаҳони паии равшангари омадем
эй қулзуми карами бФшони гирди роҳи мо
Чун сайл агар чаҳ беадабу худсари омадем