Мо тоза рӯй чун садаф аз дона худем

Хурсанд аз муҳӣт ба паймона худем

Чун ғунча рӯй дил ба худ овардаем мо

Барги нишоти гӯша майхона худем

Моро ғарибӣ аз ватани худ наме барад

Дар каъбаему сокин бтхонаҳ худем

Аз ҳуш мерӯем ба гулбонги хештан

Дар хоби навбаҳори з афсона худем

Навбат ба кӣнаи ҷӯии душман наме диҳем

Сангии гирифта дар пай девона худем

Дар чашми халқ агар чаҳ кам аз зарраем мо

Хуршед бе заволи сияҳ хона худем

Дар буми ин сиёҳи дилон ҷғд ме шавем

Варнае гӯша вайрона худем

Гирди гунаҳ ба чашма кўсрнмӣ барем

Умедворами гиря мастона худем

Чун кӯҳкан ба тешаи худ ҷон супурда ем

Дар зери бори ҳиммат мардона худем

Аз мо бғири мо ҳамаи каси файз май барад

Абри касону барқи сияҳ хона худем

Донистаем қимати худро чунон ки ҳаст

Ганҷинаи дори гавҳар икдонаҳ худем

Дар роҳи миҳмон нигаронаст чашми мо

Мо ҳалқаи бурун дар хона худем

Пӯшидааст сӯрати аҳволи мо зи халқ

Дайри ошно чу маънӣ бегона худем

Соиби зи файз хона бадушӣ дарин бисот

Ҳар ҷо ки мерӯем ба кошона худем