Мо дар шикасти гавҳар икдонаҳ худем

Санги маломати дил девона худем

Чун булбул аз таронаи худ маст ме шавем

Мо ғофилон ба хоби з афсона худем

Дар хӯн нишастаем зи рангинии хаёл

Чун лолаи дили сиёҳи з паймона худем

Аз поси ошноӣ аҳбоб фориғем

Мамнӯни ваҳшати дил бегона худем

Гирем гул дар об ба таъмири дигарон

Ҳар чанд сайли гӯша вайрона худем

Чун ток дар баридан худ фатҳи боби мост

Борони талаби зи гиря мастона худем

Моро ғурур роҳнамо нест роҳзан

Байтулҳаром халқ ва снмхонаҳ худем

Чун ғунча нест аз дгарони фатҳи боби мо

Миннатпазир ҳиммат мардона худем

Дасти фалак кабӯд шуд аз гӯшмол ва мо

Машғӯли хокбозӣ тифлона худем

Мо чун камоли зи гӯшаи нишинии дарин бисот

Ҳар ҷо рӯем мӯътакиф хона худем

Соиб шудааст барқи ҳаводиси чароғи мо

То хӯшаи чини хирман бедона худем