Чун субҳи ханда бо ҷигар чок ме занем
Дар мавҷи хези хӯни нафас пок ме занем
Ҳар ҷо ки мавҷи ҳодисаи абрӯ баланд кард
Мо чун ҳубоби перҳанӣ чок ме занем
Ҳиммат ба ҳеҷ мартаба розӣ наме шавад
Дар дом , фоли ҳалқа фитрок ме занем
Дар сардсери хок ки як рӯй гарм нест
Ҷӯшӣ ба зӯри шуъла идрок ме занем
Чун корвони рег ба манзил наме расем
Чандон ки қатра бар варақ хок ме занем
Нохуни ҳарифи обила дил наме шавад
Бар қалби шишаи хона афлок ме занем
Соиби кадоми ғабн ба ин мерасад ки мо
Дорем май ба соғар ва тирёк ме занем