Хезед то зи олами сӯрат сафар кунем
То равшанаст роҳи харобот сар кунем
Ҳар чанд нест қофила дар кори шавқ ро
Ҳўиии кашему ҳамсафаронро хабар кунем
То нақши пои грмрўони пеши роҳи мо
Дорад чароғ , ин раҳи торик сар кунем
Чун мӯр дар ҳавои шукр пар бароварем
Бар ҳам занем болу зи гардун гузар кунем
Шбрнги рӯзгор агар тавсанӣ кунад
Ромиш ба тозӣонаи оҳ саҳар кунем
Берун занем хаймаи зи доролғрўри Миср
Чун буии перҳани сӯии канъон сафар кунем
Аз дудмони шуълаи бигиреми ҳимматӣ
Парвоз то ба авҷи фано чун шарар кунем
Ҳар чанд раҳравони сухан ва роҳ гуфта анд
Мо роҳ тай кунему сухан мухтасар кунем
Кисвати зи офтоби бигирем чун Масеҳ
Аз хирқаи кабӯди фалаки сар бадар кунем
Боди муроди зуди нафас гир ме шавад
Домани гиреҳ ба домани мавҷ хатар кунем
ё ҳамчуи мавҷ бар лаб соҳил шавем маҳв
ё чун ҳубоби сари зи дили баҳр бар кунем
То ме тавон ба олами маънӣ сафар намӯд
Соиб чаро ба олами сӯрат сафар кунем ?