Аз хеш мерӯему туро ёд ме кунем
Дар кӯҳи қофи сайд призод ме кунем
Ҳар қисми бандагӣ ки барояд зи дасти мо
Нисбат ба сарву сӯсан озод ме кунем
Аз иштиёқи баҳр чу сайлоби навбаҳор
Дар кӯҳу дашти нола ва фарёд ме кунем
Дар шодмонии дил хасмаст фатҳи мо
Бо халқ дар шикасти худ имдод ме кунем
Аз душманон дареғ надорем оби хеш
Зӯҳҳодро ба майкада иршод ме кунем
Лиззат намондааст дар ояндаи ҳаёт
Аз айшҳои рафтаи дилӣ шод ме кунем
Маҳсуд оламем , агар чаҳ даҳони талх
Ширин ба хӯн чу теша Фарҳод ме кунем
Чун сояи ҳумои назари илтифоти мо
Соиб ба ҳар замин фитад обод ме кунем