Мо рӯй дил ба ҳар кас ва нокас наме кунем

Чун шуълаи илтифот ба ҳар хас наме кунем

Халқ мулоимаст қабои ҳарири мо

Мо зеби тани зи ҷома атлас наме кунем

Дргрдшими мо ба сари худ чу офтоб

Монанди сояи пайравӣ кас наме кунем

Пушти ҳазор сахти камонро шикаста ем

Андеша аз сипеҳр мқўс наме кунем

Мо чун сабуи зи хона бадвашон машрабем

Дар мекашӣ мулоҳиза аз кас наме кунем

Сайл ар расад ба хонаи мо , кӯча май диҳем

Мо пеши тоқи хона муқарнас наме кунем

Мо чун камони зи хона бадвашон ҷуръатем

Чун тир азон зи сайру сафар бас наме кунем

Бар туъмаи хасон ки пар аз мӯӣ миннат аст

Олӯдаи чанги ҳирс чу каркас наме кунем