Афзуди гронбории ғифлати зи шитобам
Шуд обилаи пои талаби пардаи хобам
Он сӯхтаи ҷонам ки ба ҳар сӯй дуанд
Монанди саги ҳарзаи мирси мавҷи саробам
Хуноба ашкаст марои бодаи гулранг
Ҳар чанд ҷаҳон маст шуд аз буии кабобам
Дар машраби ман талх май об ҳаёт аст
Аз чашма кавсар натавон ронад ба обам
Афсӯси бўдҳосли тухмӣ ки маро ҳаст
Дар шӯраи замин сарф шавад ашки саҳобам
Навмеди ним аз карами пери харобот
Дар баҳр шикастааст сабуи ҳамчуи ҳубобам
Чун субҳ шимурдааст нафас дар ҷигари ман
Нақдаст зи равшани гуҳарии рӯзи ҳисобам
Тӯли амлми баста ба занҷири иқомат
Ҳар чанд чу авроқи хазони по ба рикобам
Соиб дигар аз ҳушу хирад тараф набандад
Ҳар каси даҳанӣ талх кунад аз май ноБам